Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае дар Сурия 30 нафар ҷон доданд


Мухолифони давлати Сурия мегӯянд, нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҳамла ба як бензинфурӯшӣ дар шимолушарқи кишвар дасти кам 30 нафарро куштанд. Ба гуфтаи онҳо, баъди ҳамлаи ҳавопаймо нуктаи бензинфурӯшӣ дар рустои Айн Иссо таркидаву оташ гирифтааст. Рустои мазкур 32 километр дуртар аз гузаргоҳи марзии воқеъ дар шаҳри Тал ал-Абёд будааст, ки рӯзи чаҳоршанбе, шӯришиёни Артиши Озоди Сурия онро ишғол карданд. Ин гузаргоҳи марзӣ дар шоҳроҳе воқеъ шудааст, ки ба шаҳри Санлиурфаи Туркия мерасад. Тахмин мешавад, ки аз замони оғози қиёмҳои мардумӣ дар Сурия дар 19 моҳи пеш, дар ин кишвар то кунун 23 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG