Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи болои консулгарии ИМА "фурсатталабона" буд


Консулгарии ИМА дар Бенғозӣ баъди ҳамлаи 11-уми сентябр
Консулгарии ИМА дар Бенғозӣ баъди ҳамлаи 11-уми сентябр
Як мақоми баландпояи хадамоти амниятии ИМА мегӯяд, ҳамлаи 11-уми сентябр болои консулгарии ИМА дар Бенғозии Либия “ҳамлаи террористӣ” буд, вале эҳтимолан нақшаи онро аз пеш накашида буданд. Рӯзи чоршанбе ҳангоми сӯҳбат бо вакилони мардумии ИМА дар Конгресс раиси маркази миллии мубориза бо терроризм дар ИМА Метю Олсен гуфт, ин ҳодиса “ҳамлаи фурсатталабона” буд. Ӯ афзуд, ки баъзе иштирочиёни ҳамла бо ал-Қоида робита доштаанд. Мансабдорони Либия қаблан гуфта буданд, ки ба фикри онҳо масъулони ҳамла эътироз дар робита бо филми зиддиисломии “Бегуноҳии мусулмонон”-ро баҳона карда, ҳамлаи тарҳрезишуда болои консулгарии ИМА дар шаҳри шарқии Бенғозиро пеш бурданд. Дар ин ҳамла сафири ИМА Крис Стивенс ва се дипломати амрикоӣ ба қатл расиданд.
XS
SM
MD
LG