Ин афрод баъд аз зӯҳри ҷумъа дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои пулис дар кӯчаи Дурови пойтахти Русия дастгир шуданд. Пулиси Маскав мегӯяд, нирӯҳои пулис ибтидо 6 муҳоҷири тоҷику қирғизро, ки дар кӯчаи дуров машғули савдо буданд, дастгир ва ба автобус бор карданд. Боздошти онҳо эътирози ҳудуди 100 тан аз шариконашро ба бор овард ва онҳо, ба гуфтаи пулис, алайҳи маъмурони интизомӣ бо сангу арматура ҳамла кардаанд.
Пулиси Маскав мегӯяд, дар ин даргирӣ 5 афсари пулис аз ноҳияи сару гардан ва дасту по ҷароҳат бардоштанд ва маъмурон 6 тани дигарро, ки атбоъи Тоҷикистону Қирғизистон ва Миср будаанд, боздошт карданд. Алайҳи ин муҳоҷирон, ки ба гуфтаи пулис, дар қисмати мошингузари роҳи кӯчаи Дуров савдо мекарданд, бо иттиҳоми нақзи банди 113-уми Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия (муқовимат ба амри қонунии корманди пулис) протокол тартиб додаанд.
Бахши маҳаллии Кумитаи тафтишоти Русия ба дунбол алайҳи ин афрод тибқи қисми аввали банди 318-уми Кодекси ҷиноии ин кишвар (истифодаи зӯроварӣ алайҳи намояндаи мақомот) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Барои нақзи ин банди қонун то 10 соли зиндон муҷозот таъйин шудааст.