Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳод Восиев 350 000 евро "нархгузорӣ" шудааст


Фарҳод Восиев
Фарҳод Восиев

Як торнамои олмонӣ Фарҳод Восиев, ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистонро 350 ҳазор евро баҳогузорӣ кардааст.

Торнамои олмонии маъруф дар олами футбол -- transfermarkt арзиши бозигарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболро тахмин задаааст. Бар асоси феҳристе, ки ин торнамо тартиб додааст, ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фарҳод Восиев бо 350 ҳазор евро қимат дар мақоми аввал ҷо дорад.

Ҳарчанд дар ин феҳрист ё рӯйхат номи 27 футболбози тоҷик оварда шудааст, аммо аз миёни онҳо танҳо се нафарашонро баҳогузорӣ кардаанд. Яъне, дар қатори Восиев, инчунин аз Хуршед Маҳмудов, бозигари тими "Регар-ТадАЗ" ва Манучеҳр Ҷалилов ёдоварӣ шудааст, ки бар асоси фарзияи transfermarkt, аввалӣ 75 ҳазор ва дувумӣ 50 ҳазор евро қимат дорад.

Илова бар ин, дар феҳрист номи бозигар Ҳамдӣ Даҳманӣ ҳам зикр ёфтааст, ки ба қавли торнамо, ӯ шаҳрвнадии Олмону Тунисро дорад, аммо дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад. Нархи ӯ низ мисли Хуршед Маҳмудов 75 ҳазор евро муқаррар гардидааст.

Ин барои нахустин бор нест, ки торнамои олмонӣ гаронтарин футболбозони тоҷикро муайян мекунад. Дар фарзияҳои пешин низ Фарҳод Восиев аз ҷумлаи гаронтарин Футболбозони тоҷик ном бурда шудааст.

Масалан, соли 2009-ум бино ба фарзияи торнамои олмонӣ, Фарҳод Восиев 200 ҳазор евро нарх дошт. Аммо дар он сол дар баробари Восиев, инчунин Нӯъмонҷон Ҳакимов (75 000 евро), Хуршед Маҳмудов (75 000 евро), Зафарҷон Зубайдов (75 000 евро), Акмал Холматов (50 000 евро), Наим Носиров (50.000 евро) ҳам баҳогузорӣ шуда буданд.

Албатта, ин танҳо як фарзияи сайти олмонии transfermarkt, ки футболбозони тоҷикро нархгузорӣ мекунад. Вале ба қавли сокинони кишвар нархи онҳо аз он ки олмониҳо муайян мекунанд, шояд поинтар бошад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG