Намояндагиҳои дипломатии Амрико дар кишварҳои мусулмоннишин худро барои идомаи тазоҳуроти эҳтимолӣ алайҳи як филм омода мекунанд, ки дар он Ҳазрати Муҳаммадро масхара кардаанд. Филми мазкур бо номи "Мусулмонони бегуноҳ"-ро як муаллифи ношинос ва бо пули афроди алоҳида сохтааст. Эҳтимол меравад, ки баъд аз намози ҷумъа дар кишварҳои Ховари Миёна ва Шимоли Африқо тазоҳуроти эътирозӣ дар баъзе аз он кишварҳо сурат бигирад. Аз рӯзи 11 сентябр то кунун дар Либия, Миср ва Яман ва дигар кишварҳои Ховари Миёна мардум ба хиёбонҳо рехта алайҳи ин филм эътироз карданд. Тундравони исломӣ дар шаҳри Бенғозии Либия дар ҷараёни тазоҳурот бо ҳамла ба консулгарии Амрико чаҳор дипломат, аз ҷумла Кристофер Стивенс, сафири Амрико дар Либияро куштанд. Дар тазоҳуротҳо дар шаҳри Санъои Яман чаҳор нафар ҳалок шуд. Мансур Ҳодӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар ва Муҳаммад Мақориф, раҳбари Либия тазоҳуроти хушунатомезро маҳкум карданд.