Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳ Искандаров генерал шуд


Шоҳ Искандаров
Шоҳ Искандаров

Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба Шоҳ Искандаров, ноиби сардори Раёсати умури дохилии минтақаи Рашт, рутбаи генерал-майор дода шуд.

Дафтари матбуотии Вазрати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки бахшида ба 21 -солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Муҳаммадшоҳ Искандаров (Шоҳ Искандаров) ва чаҳор тани дигар аз мақомоти вазорати корҳои дохила, бо рутбаҳои генерал- майори милитсия қадрдонӣ шуданд.

Фармондеҳи пешини мухолифон Шоҳ Искандаров моҳи апрели соли 2011 ба мақоми ноиби раиси Раёсати умури дохилии водии Рашт таъин шуда буд. Ин мақомро Искандаров бар пояи саҳми ӯ дар амалиёти зидди мусаллаҳон дар Рашт сурат гириф. Шоҳ Искандаров, ки унвони ҳарбии сарҳанг (полковник) дошт, ҳанӯз аввали моҳи апрели соли 2011 дар ин симмат ба кор сар кард.

Шоҳ Искандаров, ҳамроҳ бо 30 тан аз сарбозонаш аз оғози амалиёти вижаи сохторҳои қудратӣ алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон дар моҳи июли соли ҷорӣ, ба Хоруғ эъзом шуда буд.

Шоҳ Искандаров ҳамчунин яке аз ширкаткунандагони асосӣ дар гуфтушуниди мақомоти давлат дар тирамоҳи соли 2010 бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт буд, ки баъд аз он мусаллаҳон ба халъи силоҳ ва қатъи муқовимат ризоият доданд.

Шоҳ Искандаров аз рӯи ҳирфа низомӣ буда, пас аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ силоҳи худро супурд ва тибқи барномаи идқом бо нерӯҳои давлат пайваста, муддате дар нерӯҳои марзбони кишвар ифои вазифа кард.

Номи Шоҳ Искандаров дар соли 1998 баъди ворид шудани полковники саркаш Маҳмуд Худойберидев ба вилояти Суғд маъруф шуд. Ҳамчунин дар тирамоҳи соли 2010, дар амалиёти махсуси мақомоти қудратии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт барои маҳв кардани гурӯҳи Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло ширкат дошт.

Бори охир номи Шоҳ Искандаров дар мактуби шикоятии Шакармо Худододова, як сокини Хоруғи Бадахшон ба вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев дар аввали моҳи августи соли, ҷорӣ садо дод.

Ин зан ба вазири мудофиа шикоят кард, ки Шоҳ Искандаров, ҳамроҳи 30 тан аз сарбозонаш дар манзили зисти ӯ дар маҳаллаи Бизмич маскан гирифтаанд ва намехоҳанд, ин ҷоро то охири моҳи август тарк кунанд.

Шаркамо Худододова ҳамчунон шикоят кард, ҷавоҳироти ороишиаш ба яғмо бурда шудааст. Баъди ду рӯзи ин шикоят, Шоҳ Искандаров ба радиои Озодӣ хабар дод, ки ба Шакармоҳ 5 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ дода, манзили зисташро тарк кардаанд.
XS
SM
MD
LG