Гаравгони амрикоии 71-сола аз сарвазири Исроил Бенҷамин Натаняҳу дархост намудааст, ки талаботи ал-Қоидаро иҷро кунад, то ӯ ҳам раҳо шавад. Навори видеои Воррен Вейнстейн дар интернет ҷой дода шудааст. Ӯ мегӯяд, президенти ИМА Барак Обама ба қазияаш таваҷҷӯҳ нишон надод. Аз ин рӯ, ӯ ба ҳайси як яҳудӣ аз яҳудии дигар кумак хостааст. Дар навори видео Вейнстейн мушаххасан нагуфтааст, ки тақозои ал-Қоида чист? Қаблан ал-Қоида талаб мекард, ки дар муқобили раҳоии Вейнстейн тамоми пайравони боздоштшудаи ал-Қоида ва Толибон озод шаванд ва ҳамлаҳои ҳавоии ИМА дар Афғонистон, Покистон, Сомалӣ ва Яман мутаваққиф гардад.
Гаравгон аз сарвазири Исроил кумак хостааст
![Акси Воррен Вейнстейн дар сомонаи гаравгонгирон](https://gdb.rferl.org/594131fc-415b-46a1-a290-efc3583f330f_w250_r1_s.jpg)