Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи парвандаи бомбгузории Домодедово


Додгоҳе дар шаҳри Маскав пойтахти Русия муҳокимаи чаҳор нафареро шурӯъ кард, ки ба бомбгузории маргбор дар фурудгоҳи Домодедово муттаҳам мешаванд. Додситонҳои рус ҳар чаҳор нафарро, ки аз Қафқоз ҳастанд, ба терроризм, қатл узвият дар созмони тундрав муттаҳам мекунанд. Дар ин бомбгузорӣ, ки рӯзи 24 январи соли 2011 сурат гирифт, 37 нафар аз ҷумла чандин муҳоҷири тоҷик кушта ва 172 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Муфаттишони Русия мегӯянд, ин ҳамлаи хунинро Доку Умаров, як раҳбари ҷудоихоҳони чечен ва тундрави исломӣ тарҳрезӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG