Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Серена Виллямс соҳиби ҷоми U.S. Open шуд


Серена Виллямс
Серена Виллямс
Дар бозиҳои ҷоми тениси Амрико, ки бо номи U.S. Open машҳур аст, Виктория Азаренко-варзишгари Беларус ба пирӯзӣ наздик буд, вале бар Серена Виллямс-варзишгари амрикоӣ дар даври ниҳоӣ бозиро бохт. Дар қисми аввал Виллямс бо ҳисоби 6:2, дар қимсми дуввум Азаренко низ бо ҳисоби 6:2 пирӯз шуданд. Дар қисми ниҳоӣ низ Азаренко дар сафи пеш буд ва барои пирӯзӣ ба вай ду хол намерасид. Вале Виллямс ба вай баробар шуд ва бозиро бо ҳисоби 7:6 ба нафъи худаш ба поён бурд. Бад-ин тариқ Виллямс бори чаҳорум соҳиби ҷоми U.S. Open шуд.
XS
SM
MD
LG