Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти АПЕК дар Русия ба поён расид


Дар шаҳри Владивостоки Русия имрӯз нишасти сарони 21 кишвари узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиё ва Уқёнусия ба поён расид. Дар баёнияи расмӣ дар поёни нишаст, кишварҳои узв аҳд додаанд, ки ба хотири тақвияти рушди иқтисодӣ, чораҳои изофӣ андешида, муомилоти тиҷоратиро бештар мекунанд, то аз ин роҳ ба заъфи иқтисодии бавуҷудомада бар асари бӯҳрони молӣ дар Аврупо муқобила кунанд. Кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиё ва Уқёнусия ҳамчунин ба мувофиқа расидаанд, ки бо вуҷуди хушксолӣ дар Русия ва Амрико содироти худро маҳдуд накунанд, то қимати маводи ғизоӣ дар ҷаҳон боло наравад. Дар кишварҳои ин созмон 40 дар сади аҳолӣ курраи Замин зиндагӣ мекунанд, 54 дар сади тавлидоти ҷаҳонӣ аз онҳост.
XS
SM
MD
LG