Дар Тоҷикистон фардо 9 сентябр, 21-умин солгарди истиқлоли кишварро таҷлил мекунанд. Баъди аз ҳам пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, Тоҷикистон худро кишвари мустақил эълом кард, вале баъди як сол ба ҷанги шаҳрвандии вайронгаре кашида шуд, ки 5 сол ва аз соли 1992 то соли 1997 идома кард. Дар ин ҷанг бештар аз 50 ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазор тани дигар бехонумон шуданд. Баъди ба созиш расидани тарафҳои даргир, субот ба кишвар баргашт, вале иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунон бемору заъиф аст ва тақрибан 40 дар сади аҳолии кишвар дар як рӯз ду доллар даромад доранд.Фардо ба муносибати ҷашни истиқлол дар Душанбе пойтахт ва дигар гӯшаҳои кишвар маросими идона баргузор мешаванд.