Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сангтӯда-1" мегӯяд, ба зимистон омода нест


Н
Н

Масъулини нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мегӯянд, ба мавсими сармои имсола омода нестанд, зеро пули худро аз ширкати «Барқи тоҷик» то ҳол нагирифтаанд.

Евгения Дудина, ёвари мудири кулли ин нерӯгоҳ дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, агар вазъ ба ҳамин минвол идома кунад, онҳо маҷбуранд фаъолияти «Сангтуда-1»-ро боздоранд.

Хонум Дудина афзуд, «дар ҳоле, ки чанде пеш дастури президенти Тоҷикистон дар марвиди омода кардани нерӯгоoҳо ба мавсими зимистон мунташир шуд, мо имкон надорем, нерӯгоҳро пурра таъмир намоем. Барои иваз кардани кӯчактарин таҷҳизоти нерӯгоҳ маблағи зиёд лозим аст, вале то ҳанӯз «Барқи тоҷик» барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ иқдом накардааст ва ҳеҷ ҳаракати мусбат анҷом надодааст.»

Ба гуфтаи Евгения Дудина, тибқи созишномаи байниҳукуматӣ, «Сангтӯда-1» ба ҷуз аз «Барқи тоҷик» ҳаққи ба дигар муассиса фурӯхтани барқро надорад, вале дар тӯли чаҳор сол қарзи «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳи мазкур ба 60 миллион доллар расидааст.

Аммо «Барқи тоҷик», мавҷудияти ин мушкилро муваққатӣ унвон мекунад ва мегӯяд, ки он дер ё зуд бартараф мешавад: «Ширкати "Барқи тоҷик" дар солҳои ахир аввал барқро интиқол медиҳад ва бо гузашти як моҳ пулашро мегирад. Аз ҳамин лиҳоз мумкин аст камтар дермонӣ шавад, лекин мо ҳатман қарзро пардохт мекунем. Ин масъала дар мадди назари ширкат қарор дорад.» мегӯяд сухангӯи «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Се сол қабл, ки «Сангтӯда-1» ба кор даромад, ин тарҳ як намуна ва омили густариши ҳар чӣ бештари равобиту ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия арзёбӣ мешуд. Мақомоти Тоҷикистон бештар розӣ аз он буданд, ки нерӯгоҳ фаъол шуда, мушкили таъмини мардум бо нерӯи барқ дар қаламрави кишвар то андозае рафъ мегардад. Аммо чуноне, ки мушоҳида мешавад, ин нерӯгоҳ то ин муддат натавонист бо иқтидори пурраи худ фаъолияташро ба роҳ монад.

Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» аввалин нерӯгоҳест дар Тоҷикистон, ки бо сармояи хориҷӣ бунёд шудаааст. Русия барои сохтани он маблағи 700 миллион доллар сарф карда, 75 дарсади саҳмияҳояшро ба даст овард. Аммо иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, Душанбе ҳангоми баррасии шароити он қарордод бо Русия, ба шитоб роҳ додааст ва бояд акнун зимни баҳси тарҳҳои ҳамсон аз он таҷруба сабақ бигирад.

Мирзошариф Исломиддинов, собиқ раиси Кумитаи энергетика ва саноат дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, «ҷониби Русия барои ҳарчӣ тезтар бунёд шудани ин нерӯгоҳ пофишорӣ кард ва Тоҷикистон ҳам дар нисбати саҳмияҳо бисёр гузашт намуд. Зеро маҷбур буд, ки он вақт Русияро барои сармоягузории ин тарҳ ҷалб намояд. Ҳоло «Барқи тоҷик» бояд тамоми талошҳояшро барои гардонидани қарз ба харҷ бидиҳад. Ин масъала дар оянда барои ҷалби дигар сармоягузорон аҳамияти калон дорад. Зеро ҳар сармоягузор қабл аз маблағгузорӣ дар бунёди нерӯгоҳ санҷиш мегузаронад, ки то куҷо ҷониби Тоҷикистон имкон дорад барқи истеҳсол намударо харидорӣ намояд.»

Бархе барои Тоҷикистон истифодаи захираҳои дохилӣ, аз ҷумла пули муҳоҷиронро дар бунёди нерӯгоҳҳо беҳтар медонанд. Аммо Душанбе чунин таҷрубаро ҳам дошт ва 2 сол пеш бо роҳи нимаиҷборӣ ба маблағи 186 миллион доллар саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ба мардум фурӯхт. Вале сохтмони ин нерӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим ба таъхир уфтод ва саҳмияҳои мунаққашаш ба касе то ҳол ягон дирам дивиденд наовардааст.
XS
SM
MD
LG