Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Газпром бо рақобати носолим муттаҳам мешавад


Яке аз пойгоҳҳои истихроҷи гази ширкати Газпроми Русия
Яке аз пойгоҳҳои истихроҷи гази ширкати Газпроми Русия
Рӯзи сешанбе Комиссияи Аврупоӣ-ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо таҳқиқи баъзе амалкардҳои ширкати давлатии Газпроми Русия дар Аврупои марказӣ ва шарқиро оғоз намуд. Комиссия аз он нигарон будааст, ки шояд Газпром аз мавқеи муқтадираш дар бозор сӯиистифода карда бошад. Масъулони аврупоӣ тахмин мекунанд, ки Газпром дар се ҳолат мухолифи қонунҳои зидди инҳисор амал кардааст: Аввалан, маҳдуд намудани содироти газ ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, сониян, монеагузорӣ ба рақибон ва билохира, бо беасос боло бурдани нархи газ ва марбут намудани он бо нархи нафт.
Антуан Коломбанӣ сухангӯи Комиссияи Аврупоӣ мегӯяд:
Комиссияи ҳақ дорад таҳрим ҷорӣ кунад ва дар ҳоли собит шудани амали хилофи қонуни рақобат дар Иттиҳодияи Аврупо ҷарима муқаррар намояд. Вале имрӯз дар ҳоле ки тафтиш ҷараён дорад, ин гуна тахмин бармаҳал аст. Комиссия ҳаққи дифоъ аз худро эътироф намуда, бидуни ҳукми додгоҳ касеро айбдор эълон намекунад.”
Комиссия ҳақ дорад, то даҳ дар сади даромади саросарии ширкатҳои вайронкунандаи рақобати солимро ба ҳайси ҷубронпулӣ тақозо кунад.
XS
SM
MD
LG