Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зокир Вазировро дар Душанбе ба хок супурданд


Рӯзи сешанбе 4 июл Зокир Вазиров-сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар қабристони Сариосиё и пойтахт ба хок супурда шуд.

Зокир Вазиров шаби 2-юми сентябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон бар асари сактаи қалбӣ дар синни 64-солагӣ даргузашт.

Вай аз соли 1991 то соли 1993 Сардори Раёсати маълумоти олӣ ва миёна ва Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 1993 Раиси палатаи давлатии китоб таъин гардид.

Баъди имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 аз ҳисоби саҳмияи 30 дарсадӣ муддате муовини нахуствазири Тоҷикистон кор кард.

Аз соли 2005 то соли 2007 вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Муддати як сол Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ буд.

Соли 2008 ба кори дипломатӣ гузашт ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон буд.
XS
SM
MD
LG