Ин филм ба қалами намоишноманависи ҷавон Орзу Исоев тааплуқ дорад ва коргардони ин филми мустанад Носир Саидов, директори киностудияи «Тоҷикфилм» мебошад.
Филм аз як серия ва 45 дақиқа иборат аст ва интизор меравад, то авохири моҳи ҷорӣ дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба намоиш дарояд.
Ин филм дар ҳоле таҳия мешавад, ки муддати 20 соли ахир филмҳои мустанади зиёде аз сӯи шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст. Мунтақидон ин филмҳоро ба якҷониба инъикос ёфтани таҳаввулоти ҷанги дохилии 1992 -1997 айбдор кардаанд.
Аммо Орзу Исоев, муаллифи филми «Ваҳшати ҷанг», мегӯяд, «дар ин филм, мо ба ҳеҷ тарафе ё гурӯҳе бартарӣ намедиҳем, балки он дар асоси номаҳои мардуме, ки дар замони ҷанги дохилӣ, ҷанги дуввуми ҷаҳон ва ҷанги Афғонистон ва дигар ҷангҳо навишта шудаанд, таҳия мешавад. Барои мисол мӯйсафеде номае ба фарзандаш навиштааст ва дар он рӯҳияи он замон, ваҳшати ҷанг намоён аст. Мо ин номаҳоро гирдоварӣ кардаем ва аз рӯи он навор бардоштаем ва ин ҳиссиёту рӯҳияро ба мардум ба намоиш мегузорем, то ваҳшати ҷангро дарк кунанд.»
Ба ин далел Орзу Исоев, тафовути филми «Ваҳшати ҷанг» -ро аз филмҳои дигари таҳиякардаи шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар «ҳамин пайроҳаҳое медонад, ки тавассути номаҳо тай мешавад ва аз аввал то ба охир ваҳшонияти ҷангро инъикос мекунад.
Зимнан, «Тоҷикфилм» дар назқдиктарин рӯзҳо ба банду басти филми «Ваҳшати ҷанг» шурӯъ хоҳад кард, ки мусиқии онро Далер Назаров, оҳангсоз ва мусиқидони саршиноси тоҷик навиштааст.