Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шатранҷбозони тоҷик дар Олимпиадаи 40-уми ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Истамбули Туркия ба бурду бохт мувоҷеҳ шуданд.

Дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон дар даври аввал бар тими Ҷумҳурии Демократии Сан-Томе ва Принсипи бо ҳисоби 4-0 ғолиб омад.

Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев бар Абдулазиз Гравида, Соҳиб Ҷӯраев бар Силверио Санто, Ҷамшед Исоев бар Освалдо Лима ва Илҳом Юнусов бар Санто Эспирито ғалаба карданд.

Вале шатранҷбозони тоҷик дар даври дувум аз тими Булғористон бо ҳисоби 0,5-3,5 шикаст хӯрданд. Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар даври севум имрӯз, 30-юми август, бо тими Намибия рақобат мекунад.

Дар сабқати мардон шатранҷбозони Словакия баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа бо 8 имтиёз миёни 150 даста пешсафанд. Тимҳои мунтахаби мардонаи Фаронса ва Эрон бо 7,5-имтиёзӣ дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд.

Дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар ҳайати Марворид Насриддинзода, Надежда ва Лидия Антоноваҳо, Мутрибаи Илҳом ва Саодат Одинаева ширкат дорад.

Занони шатранҷбози тоҷик дар нахустин даври мусобиқа аз тими Латвия бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрданд ва дар даври дувум тими Намибияро бо ҳисоби 4:0 мағлуб карданд. Дастаи Тоҷикистон дар даври севум имрӯз бо тими занонаи Эрон вориди рақобат мешавад.
Дар мусобиқаи занон дар ҳамин ҳол дастаҳои мунтахаби Чин, Гурҷистон, Лаҳистон ва Сербия бо 8-имтиёзӣ пешқадаманд.

Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Туркия то рӯзи 10-уми сентябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG