Табибони шаҳри Кулоб мегӯянд, баъди муоинаи даҳҳо духтар ташхис карданд, ки бемории пӯсти онҳо бар асари пӯшидани ҳиҷобҳои синтетикӣ будааст. Алихон Муродов, сартабиби Шифохонаи бемориҳои пӯст дар Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, тобистони соли равон бештар аз 100 духтар бо бемориҳои шабеҳ, яъне ҷароҳатҳо дар гардан ба онҳо муроҷиат кардаанд. Ӯ афзуд: Ташхисҳо исбот карданд, ки ҳамин бисёртар аз истифодабарии либосҳои синтетикӣ мешавад. Барои ҳамин тавсия медиҳем, ки аз пӯшидани ин либосҳои синтетикӣ парҳез кунанд.” Дар Тоҷикистон, ки пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳо мамнӯъ аст.