Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ масъули зиндаи ҳамлаи Мумбайро афв накард


Дар моҳи ноябри соли 2008-ум даҳшатафканон меҳмонсарои Тоҷ Маҳали Мумбайро ба коми оташ кашида буданд
Дар моҳи ноябри соли 2008-ум даҳшатафканон меҳмонсарои Тоҷ Маҳали Мумбайро ба коми оташ кашида буданд
Рӯзи чоршанбе Додгоҳи Олии Ҳиндустон ҳукми эъдоми ягона силоҳбадасти зиндаро, ки дар ҳамла болои шаҳри Мумбай саҳм гирифтааст, тасдиқ кард. Зодаи Покистон Муҳаммад Аҷмал Амир Қасоб-яке аз даҳ силоҳбадасте мебошад, ки дар соли 2008-ум болои Мумбай ҳамла карда, беш аз 160 нафарро ба ҳалокат расондаанд. Соли 2010-ум додгоҳ Қасобро бо куштор, терроризм ва ҷанг бар зидди Ҳиндустон айбдор дониста, ба марг маҳкум кард. Эътирози аввали Қасоб дар соли 2011-ум рад шуд. Акнун ӯ метавонад бо дархости тараҳҳум ба президенти Ҳиндустон муроҷиат кунад. Ҳиндустон ҷунбиши ифротии Лашкари Таййибаи мустақар дар Покистонро масъули ҳамла болои Мумбай меномад. Покистон эътироф кардааст, ки қисме аз ҳамла дар хоки Покистон тарҳрезӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG