Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Ироқ ба Эрону Туркия дар масъалаи об


Вазири тиҷорати Ироқ ҳамсоякишварҳояш - Эрону Туркияро ҳушдор дод, ки ниёзи Ироқ ба обро нодида нагиранд. Хайруллоҳ Бобокир гуфт, Эрон 49 рӯди хурдро, ки ба Ироқ мерехт, бастааст, ки ин ба соҳаи кишоварзии чандин вилоят, бо шумули Курдистон, Сулаймония, диёла, Майсон ва Басра таъсир кардааст. Бобокир гуфт, Бағдод то замони ҳалли масъалаи об созишномаи тиҷорӣ бо Эронро имзо нахоҳад кард. Манбаъи оби Ироқи умдатан биёбонӣ умдатан Фуроту Даҷла аст, ки аз Туркияву Сурия оғоз мегиранд, ва ҳам рӯдҳои хурдтаре, ки аз Эрон меоянд.
XS
SM
MD
LG