Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар Луизина вазъи фавқуллода эълом кард


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар аёлати соҳилии Луизиана вазъи фавқуллода эълом кард, ки тӯфони саҳмгини мавсум ба Исҳоқ ба он наздик мешавад. Қарори мазкур имкон медиҳад, аёлати мазкур аз буҷаи федероли Амрико барои амалиётҳои рафъи паёмадҳои фалокат кӯмак бигирад. Пештар аз ин губернаторони иёлоти Луизиана, Флорида, Миссисипи, Алабама дар қаламравҳои ин иёлот вазъи фавқуллода эълом карданд. Баъди бедодгарӣ дар ҷануби аёлати Флорида, тӯфони Исҳоқ ҳоло ба шаҳри Ню Орлеан наздик мешавад, ки се сол пеш тӯфони Катрина онро вайрону валангор карда ва 1800 нафарро кушт. Тӯфони мазкур, анҷумани Ҳизби Ҷумҳурихоҳро, ба таъхир андохт, ки бояд дар он Митт Ромнӣ расман ба унвони номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико пешниҳод шавад. Тӯфони Исҳоқ, пеш аз расидан ба Амрико бо барангехтани селу обхезӣ дар Ҳаитӣ ва Ҷумҳурии Доминикан 20 нафарро кушт.
XS
SM
MD
LG