Пайвандҳои дастрасӣ

Сотсиал демократҳои қирғиз ҳукумат ташкил мекунанд


Ҷаласаи ҳизби сотсиал демократи Қирғизистон
Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз ҳизби сотсиал демократи ин кишвар, ки як замон таҳти тасарруфи ӯ қарор дошт, дархост намуд, ҳукумати нави ин кишварро ташкил кунад. Ҳафтаи гузашта эътилофи ҳокими Қирғизистон фурӯ рехт. Тибқи қонуни Қирғизистон ҳизби сотсиал демократ бояд ар давоми 15 рӯзи корӣ ҳукуматро ташил диҳад. Барои иҷрои ин барнома ҳизб бояд эътилофи иборат аз камаш 5 ҳизбро тартиб диҳад. Моҳи декабри гузашта ҳам ҳамин ҳизб музокироти ташкили ҳукумати Қирғизистонро сарварӣ мекард. Ҳафтаи гузашта ҳизбҳои Ор-Номус ва Ота-Макон аз эътилофи ҳокими Қирғизистон берун шуданд ва ҳукумати зери раҳбарии Омурбек Бабанов ба истеъфо рафт.
XS
SM
MD
LG