Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеи хунин дар Афғонистон


Яке аз посгоҳҳои артиши афғон вилояти Ҳилманд
Яке аз посгоҳҳои артиши афғон вилояти Ҳилманд
Мансабдорони афғон мегӯянд, рӯзи душанбе дар ин кишвар ҷасадҳои 17 фарди осоиштаи сарбурида ёфт шуд. Ҳамчунон дар ин рӯзи хунин 10 аскари афғон ва 2 сарбози паймони НАТО ба қатл расидаанд. Ба қавли мақомот дар қароргоҳи Толибон-вилояти ҷанубии Ҳилманд афроди осоиштаи сар аз тан ҷудо ёфт шудаанд, ки дар байни онҳо дӯ нафар зан будаанд. Дар як ҳамлаи дигар болои посгоҳи нерӯҳои давлатӣ дар Ҳилманд 10 сарбози афғон кушта шуданд. Мансабдорони афғон тахмин мекунанд, ки касе аз миёни сарбозон ба ҳамлаи Толибони ҷангҷӯй кумак кардааст, зеро баъди ҳамла панҷ сарбоз бе ному нишон шудаанд. Дар ин байн паймони НАТО иттилоъ медиҳад, ки бар асари ҳамлаи як сарбози афғон дар вилояти Лағмон ду сарбози НАТО ба ҳалокат расиданд. НАТО изҳор намуд, ки сарбози афғон ҳам ба қатл расидааст.
XS
SM
MD
LG