Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Худкуш"-и Р.Шоазимов ба "Киношок-2012" меравад


Рустам Шоазимов
Рустам Шоазимов
Тоҷикистонро дар ҷашнвораи имсолаи “Киношок” филми “Худкуш”-и коргардон Рустам Шоазимов намояндагӣ хоҳад кард. “Киношок-2012” аз 15 то 23 сентябр дар шаҳри Анапаи Русия доир хоҳад шуд. Ин ҷашнвораи кишварҳои пасошӯравӣ имсол дар 5 бахш сурат хоҳад гирифт ва танҳо ба бахши филмҳои пуррааш 14 филм, аз ҷумла “Худкуш”, роҳ ёфтаанд. Раҳбарии ҳайъати доварони “Киношок-2012”-ро адиби маъруфи рус Владимир Войнович, ки соли 1932 дар Сталинобод (Душанбеи имрӯза) таваллуд шудааст, бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG