Имрӯз додгоҳи Маскав парвандаи Гарри Каспаров-яке аз мухолифони давлати Русияро баррасӣ мекунад. Вайро барои ташкили тазоҳуроти эътирозии ғайриқонунӣ муттаҳам медонанд. Ба вай ҳукми 30 ҳазор рубл ё 1000 доллар ҷарима таҳдид мекунад.
Каспаровро 17 август дар назди бинои додгоҳи Хамовничий боздошт карданд. Он рӯз дар ин додгоҳ ҳукми гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot-ро қироат мекарданд ва тақрибан 50 нафар ширкаткунандагони тазоҳурот боздошт шуда буданд. Каспаров ҳангоми боздошт дасти яке аз кормандони ОМОН-ро газида буд.