Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Одинаев - умеди Тоҷикистон дар паралимпиадаи Лондон


Ӯ танҳо варзишгари маълул аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои паралимпии соли 2012-ум дар Лондон намояндагӣ мекунад.

Ӯ дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дар риштаи пауэрлифтинг (вазнабардорӣ) дар рақобатҳо дар вазни 75 кг бо натиҷаи 195 кило мақоми дувумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Паралимпиадаи Лондон гардид. Ин натиҷа ба Парвиз имкон дод, ки мавқеашро дар рейтинг ё феҳрасти ҷаҳонӣ дар мақоми чаҳорум мустаҳкам намояд.

Бозиҳои XIV паралимпӣ аз 29-уми август то 9-уми сентябри соли равон дар Лондон доир хоҳанд шуд. Ба барномаи Паралимпиада 20 намуди варзиш шомил аст, аз ҷумла варзишгарони маълул дар навъи пауэрлифтинг барои 20 маҷмӯи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.

Парвиз Одинаев барои бори дувум ба Паралимпиада роҳхат гирифтааст. Ӯ аввалин бор соли 2004-ум дар Бозиҳои паралимпӣ дар Афинаи Юнон ширкат карда буд.

Парвиз Одинаев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ман барои дарёфти роҳхати олимпӣ кӯшиши зиёд кардам ва бовар доштам, ки ба натиҷаи мусбат ноил мешавам. Муваффақияти ман ба устодонам Толеъ Холназаров ва Олим Парпиев бастагӣ дорад, ки аз онҳо сипосгузорам. Инчунин ба Ширкати “Babilon-Mobile”, ки харҷи сафари маро ба Дубай пардохт намуд, изҳори сипос мекунам.
Парвиз Одинаев ва Нарзуллоҳи Латиф
Парвиз Одинаев ва Нарзуллоҳи Латиф
Ман ба Бозиҳои паралимпӣ дар Лондон хуб омодагӣ дидам ва умедворам, ки муваффақ мешавам.”

Парвиз Одинаев соли 1982 дар шаҳри Душанбе дар оилаи табибон ба дунё омадааст. Падару модараш духтурони ҷарроҳ мебошанд. Парвиз донишҷӯи соли чаҳоруми факултаи молияву қарзи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аст. Ӯ дар синни сесолагӣ ба бемории полиомиелит ё фалаҷ гирифтор шудааст. Аз синни 7-солагӣ ба гимнастика ва аз 14-солагӣ ба вазнабардорӣ таҳти раҳбарии Толеъ Холназаров, қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё, машғул аст. Ба гуфтаи Парвиз ба ғайр аз варзиш, китобхониву расмкашӣ шуғлҳои дӯстдоштаи ӯ мебошанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:09 0:00
Линки мустақим

Зимни сӯҳбат бо мо Парвиз иброз дошт, ки барои ба пауэрлифтинг машғул шудан ғизои махсуси серкалория бояд истеъмол кард, вале нархи он хеле гарон аст. Бинобар ин ӯ ба кӯмаки молӣ ё сарпараст ниёз дорад.


Сафар Боев, раиси Федератсияи варзишгарони маълули Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо, чор нафар – варзишгар Парвиз Одинаев, мураббӣ Олим Парпиев, дабири кулли Федератсияи варзишгарони маъюби кишвар Абдурауф Алимов ва банда, раиси ин федератсия, шаби 22-юми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Киев-Лондон ба пойтахти сафар мекунем. Бояд гуфт, ки мо аз соли 2004-ум барои севумин бор аст, ки дар Паралимпиадаи тобистона ширкат меварзем. Соли 2004-ум дар Афинаи Юнон як варзишгар, ин ҳам бошад, Парвиз Одинаев Тоҷикистонро намояндагӣ карда
Толеъ Холназаров - мураббии Парвиз Одинаев
Толеъ Холназаров - мураббии Парвиз Одинаев
буд. Ӯ дар навъи пауэрлифтинг ё вазнабардорӣ бо натиҷаи 147 килограмм ҷойи ҳафтумро соҳиб шуда буд.

Соли 2008-ум дар Бозиҳои паралимпӣ дар Пекин чор нафар иштирок доштанд, вале ягон ҷоиза ба даст наоварданд. Ин дафъа дар Паралимпиадаи Лондон як нафар соҳиби роҳхат гардид. Мутаассифона, ба иллати набуди маблағ мо натавонистем варзишгаронамонро ба мусобиқоти қитъавию ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ сафарбар намоем, то ки барандагони роҳхатҳои олимпӣ шаванд. Ва ё дар чунин мусобиқот ҷойҳои то 10-15-умро гирифта, бо квота дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат намоянд. Ҳарчанд мо имкон доштем, ки 6 нафарро барои ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ сафарбар намоем.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:38 0:00
Линки мустақим

Ҷаноби Боев иброз дошт, ки ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои XIV тобистонаи паралимпӣ дар Лондон аз ҳисоби маблағи ихтисосдодаи кумитаи тадорукоти ин Бозиҳо ширкат мекунад. Вай афзуд, “ҷойи хоб ва ғизо аз ҳисоби мизбонон аст. Барои рафтуомад тавассути ҳавопаймо ба мо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон 10 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Кумитаи миллии олимпӣ моро бо сару либоси варзишӣ таъмин намуд. Ширкати “Руҳом” сувенир ё тӯҳфаҳои хотиравӣ омода кардааст.”

Сафаралӣ Боев
Сафаралӣ Боев
Вале Сафаралӣ Боев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар Тоҷикистон ҳарчанд мусобиқот миёни варзишгарони маълул барпо мегардад, вале ба иштироки намояндагони кишвар дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда намешавад.

Ӯ афзуд, “аз нақшаи омодагӣ ва ширкати варзишгарони маъюб дар Бозиҳои XIV тобистонаи паралимпӣ дар Лондон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпии кишвар огаҳ буданд, вале аз ҷониби онҳо, ба ғайр аз 10 ҳазор сомониву барои чаҳор нафар сару либоси варзишӣ, ба мо дигар кӯмаку дастгирӣ нашуд. Дар воқеъ, мо дастгириву кӯмаки ҳамаҷонибаи ҳукуматро ба варзишгарони маълул эҳсос намекунем. Гӯиё ки мо вуҷуд надорем. Бинобар ин аз минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама камтар – як роҳхат ба Паралимпиадаи Лондон гирифтааст. Қазоқистону Узбакистон 15-20 роҳхат, Қирғизистон 3 роҳхат ва Туркманистон 2 роҳхат ба даст овардаанд.”
XS
SM
MD
LG