Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз куштори сарбозони амрикоӣ нигаронӣ кард


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз кушторҳои ахири низомиёни НАТО дар Афғонистон ба дасти нируҳои амниятии Афғонистон “амиқан изҳори нигаронӣ “ кард. Обама гуфт, ки дар ин бора бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳур гуфтугӯ хоҳад кард.

Ин суханони Обама дар ҳоле садо дод, ки рӯзи душанбе Мартин Демпсей-раиси ситоди муштараки артиши Амрико дар Кобул бо раҳбарони низомии Афғонистон мулоқот анҷом дод. Демпсей гуфт, раҳбарони низомии Афғонистон низ мисли ҳампешагони худ дар Амрико аз чунин куштор изҳори нигаронӣ кардаанд. Аксари сарбозони кушташуда амрикоӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG