Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Apple ба гаронтарин ширкат дар таърихи ҷаҳон табдил ёфт


iPhone
iPhone
Apple ба гаронтарин ширкат дар таърихи ҷаҳон табдил ёфтааст ва ҳоло дороии он 623 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин ширкат бо навовариҳои фаннӣ, яъне телефонҳои нави ҳамроҳ, компютерҳо ва барномаҳои компютерӣ аз лиҳози дороӣ аз Microsoft пеш гузашт. Соли 1999 рекорди Microsoft 620 миллиард долларро ташкил карда буд.

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки iPhone 5 ҳанӯз ба бозор наомадааст ва Apple мегӯяд, ки ба тавлиди телевизионҳои худ низ оғоз мекунад.

Гузашта аз ин , ҳоло дар бозорҳои молии ҷаҳон арзиши доллар дар баробари евро ва пулҳои дигар боло меравад ва иқтисоди Амрико дар ҳоли рушд қарор дорад. Аммо дар Аврупо ба сабаби мушкилоти молӣ баъзе кишварҳо барномаҳои наҷот аз бӯҳронро таҳия мекунанд.
XS
SM
MD
LG