Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз 9 моҳи талошҳо Таҳмина ба дидори Зайино расид


Таҳмина Толибова ва фарзандаш дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия.
Таҳмина Толибова ва фарзандаш дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия.

Як зани тоҷик дар мурофиаи додгоҳӣ дар Туркия пирӯз шуд ва духтарчаи рабудашудаи худро бозпас гирифт.

Таҳмина Толибова, шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, дар баҳси додгоҳии яке аз ноҳияҳои шаҳри Анқара пирӯз шуд ва духтарчааш Зайиноро, ки аз тарафи шавҳари пешинааш Мурод Кумаш, шаҳрванди Туркия рабуда шуда буд, бозпас гирифт.

Таҳмина гуфт, дар роҳи мубориза барои духтараш намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба ӯ кӯмак кардаанд.

Вай бо шавҳараш, шаҳрванди Туркия, ки дар як ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия кор мекард, соли 2008-ум ошно шуд ва никоҳи шаръӣ баст. Аз ин издивоҷ духтарчае ба дунё омадааст, ки исмашро Зайино гузоштанд.

Ба гуфтаи Таҳмина, ҳамсари ӯ Кумаш Мурод авоили моҳи октябри соли 2011-ум гуфт, мехоҳад Зайиноро бо худ ба Туркия бубарад, то падари маризаш пеш аз марг набераи худро бубинад. Вале Таҳмина ба ин сафар, ки бояд бе ширкати ӯ сурат мегирифт, розӣ нашуд. Ҳамсараш билохира ӯро низ бо худ ба Анқара бурд, аммо баъд аз ду рӯз Зайино дуздида ва аз чашми модар пинҳон нигоҳ доштааст.

Талошҳои ин зан барои баргардондани фарзанди худ 9 моҳ идома кард ва дар ин муддат ӯ чанд дафъа байни Тоҷикистон ва Туркия равуо намуд ва барои бозпас гирифтани фарзандаш дар ноҳияе, ки шавҳараш ба сар мебурд, даъвои додгоҳӣ намуд.

Таҳмина нақл мекунад, ки ҳукумати Туркия ӯро бо вакили мудофеъ таъмин намуд ва харҷу сарфи вакили мудофеъ аз ҳисоби давлати Туркия буд. Бо назардошти ин ки Зайино шаҳрванди Тоҷикистон асту асноди ҳамин кишварро дорад ва шавҳари хориҷии Таҳмина бо ӯ никоҳи расмӣ надорад, аз ин рӯ падари расмии кӯдак эътироф намешавад. Бино бар ин, Зайиноро ба модараш баргардонданд.

Таҳмина мегӯяд, пас аз он ки духтарашро ба оғӯш гирифт, тамоми азияту хастагиҳояш дар роҳи ба даст овардани Зайино ҳамоно фаромӯш шуд. Вай гуфт, дар наздиктарин рӯзҳо ба Тоҷикистон хоҳад баргашт.
XS
SM
MD
LG