Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 тан дар суқути чархбол дар Қандаҳор


Бар асари суқути чархбол дар ҷануби Афғонистон 11 тан, аз ҷумла 7 сарбози Амрико кушта шудаанд. Сухангӯи Толибон Қориюсуф Аҳмадӣ иддао кард, ки чархболи амрикоии UH-60 Blackhawk-ро ҷангиёни толиб суқут додаанд. Ин иддао аз ҷониби манобеъи дигар таъйид нашудааст. Сухангӯи ISAF Гюнтер Катс гуфт, дар ин сониҳа дар вилояти Қандаҳор 4 афғон, бо шумули 3 маъмурияти амниятӣ ва як тарҷумон, низ ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG