Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина Осмаевро ба Русия месупорад


Адам Осмаев
Адам Осмаев
Додгоҳи Одессаи Украина ба истирдоди Адам Осмаев, гумонбари аслӣ дар сӯъиқасд ба ҷони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин розӣ шуд. Ин чечен моҳи феврал дар Одесса дар пайи таркиши бомби худсохт дар як манзил, ки боиси ҳалокати як шарики ӯву ҷароҳат бардоштани якеи дигар гардид, дастгир шуд. Додситонии кулли Русия ба дунбол истирдоди Осмаевро дархост кард. Вакили ӯ Валерий Кочетов гуфт, аз ин ҳукми истирдод ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар шикоят хоҳад бурд. Гузоришҳо дар бораи эҳтимоли сӯъиқасд ба ҷони Путин ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз интихоботи 4 март нашр шуд ва фоизи ҳимояти мардум аз Путинро қабл аз раъйгирие, ки дар ниҳоят ӯро ба даври севуми раёсат расонд, хеле боло бурд.
XS
SM
MD
LG