Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимоят аз тасмими Мурсӣ роҷеъ ба барканории раҳбарони артиш


Мурсӣ (дар байн) бо Тантавӣ ва Самӣ Аннон
Мурсӣ (дар байн) бо Тантавӣ ва Самӣ Аннон
Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури Миср гуфт, тасмими вай дар бораи ба истеъфо фиристодани ду генерали боломақом “ба нафъи миллат аст”. Мурсӣ зимни суханони худ баъд аз барканории маршал Муҳаммад Ҳусейн Тантанвӣ-фармондеҳи нируҳои мусаллаҳ ва Самӣ Аннон-раиси ситоди артиш аз нируҳои мусаллаҳ ситоиш кард ва гуфт, ки акнун ”вазифаи муқаддаси онҳо дифоъ аз миллат аст “.

Сайид Абдулазим яке аз ҷонибдорони Мурсӣ ақидаи худро дар бораи ин тасмим ин гуна изҳор дошт:

“Ин аз ҷониби президенти ғаюр Муҳаммад Мурсӣ тасмими бузург аст, ки эъломияи Қонунии Асосиро ботил кард, зеро он президентро аз иҷрои баъзе корҳо нигоҳ медошт. Мо аз ин тасмим ҷонибдорӣ мекунем. Мо бо тамоми ниру аз доктор Мурсӣ ҳимоят мекунем”.

Президент Муҳаммад Мурсӣ ҳар ду мақоми олирутбаи низомиро мушовирони низомии худ мансуб кард.
XS
SM
MD
LG