Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зелимхон Юсуфов ба 1/8 финал баромад


Зелимхон Юсуфов
Зелимхон Юсуфов

Зелимхон Юсуфов дар сабқати гуштии озод дар Олимпиадаи Лондон дар нахустин қувваозмоияш пирӯз шуд ва ба 1/8 финал баромад.

Имрӯз, 12-уми август, дар рӯзи охирини Олимпиадаи Лондон намояндаи Тоҷикистон Зелимхон Юсуфови 28-сола дар риштаи гуштии озод дар вазни то 66 кило дар даври муқаддамотӣ бар Алан Гогаеви 22-сола аз Русия бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст овард ва ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби Зелимхон дар 1/8 финал Хаислан Веранес Гарсияи 29-сола аз Канада мебошад, ки ин сабқат соати 12:57 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Инчунин имрӯз соати 13:33 ба вақти Душанбе охирин варзишгари Тоҷикистон Искандари Рустами 20-сола дар риштаи гуштии озод дар вазни то 96 кг дар 1/8 финал бо Валерий Андритсеви 25-сола аз Украина қувваозмоӣ мекунад.

То ҳоло 14 варзишгари Тоҷикистон сабқатро дар Олимпиадаи Лондон ба анҷом расониданд. Танҳо як нафар – муштзан Мавзуна Чориева ба Тоҷикистон медали олимпӣ овардааст. Вай дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Сездаҳ варзишгари Тоҷикистон - тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров, даванда Владислава Овчаренко, таэквондочиён Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов, гуштигирони тарзи озод Николай Ноев ва Юсуф Абдусаломов аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
XS
SM
MD
LG