Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон - пешсафи “Ҷоми Дӯстӣ”


Тими мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14) дар «Ҷоми Дӯстӣ» дар Қирғизистон 4 пирӯзӣ ба даст овард ва пешсаф шуд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ширкати шаш даста аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон дар шаҳрҳои Бишкек ва Кант ҷараён дорад.

Футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов нахуст бар тими «Динамо-Юниор»-и Омски Русия бо ҳисоби 4:1 ғолиб омаданд. Голҳо: Вафо Сӯфиев, 3 (0:1). Вафо Сӯфиев, 24 (0:2). Рустам Толибов, 46 (0:3). Калантаев, 69 (1:3). Рустам Толибов, 70+2 (1:4).

Дар даври дувум мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи аввали мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳарду голро Вафо Толибов дар дақиқаҳои 34-ум ва 57-ум ба самар расонд.

Бозии севуми футболбозони навраси тоҷик дирӯз, 6-уми август, дар варзишгоҳи «Абдиш-Ота»-и шаҳри Кант бо ҳамсолонашон аз Туркманистон баргузор шуд. Дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Голҳо: Рустам Толибов, 9 (1:0). Сӯҳроб Мӯъминов, 23 – аз пеналтӣ (2:0). Бердиев, 63 (2:1).

Футболбозони навраси тоҷик дар шаҳри Кант имрӯз, 8-уми август, дар даври чорум тими «Монтажник» (Тараз, Қазоқистон)-ро бо ҳисоби бузурги 13:0 шикаст доданд. 7 голро ҳамлагар Вафо Сӯфиев ба ҳадаф расонд.

Голҳо: Вафо Сӯфиев, 6 (0:1). Шаҳбози Шарифӣ, 10 (0:2). Мухторҷон Ортиқов, 11 (0:3). Вафо Сӯфиев, 24 (0:4). Вафо Сӯфиев, 29 (0:5). Рустам Толибов, 31 (0:6). Нуралӣ Шералӣ, 39 (0:7). Алишер Баротов, 43 (0:8). Вафо Сӯфиев, 44 (0:9). Вафо Сӯфиев, 48 (0:10). Вафо Сӯфиев, 58 (0:11). Шериддин Бобоев, 60 (0:12). Вафо Сӯфиев, 62 (0:13).

Баъди натиҷагирии чор даври мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 12 имтиёз пба ҷойи аввал баромад. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври охирин рӯзи 9-уми август дар шаҳри Кант бо дастаи Қирғизистон-2 бозӣ мекунад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа


Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
Тоҷикистон
4
4
0
0
21-2
12
2
Қирғизистон-2
3
3
0
0
14-3
9
3
Қирғизистон-1
3
2
0
1
18-5
6
4
Туркманистон
4
1
1
2
15-11
4
5
«Динамо-Юниор» (Омск, Русия)
4
0
1
3
7-13
1
6
«Монтажник» (Тараз, Қазоқистон)
4
0
0
4
3-44
0
XS
SM
MD
LG