Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА:Фирор шаҳодати фурӯпошии режими Асад аст


Ҷей Карнӣ-сухангӯи Қасри Сафед
Ҷей Карнӣ-сухангӯи Қасри Сафед
ИМА бар ин назар аст, ки фирори сарвазири Сурия Риёз Ҳиҷоб гувоҳи фурӯпошии режими Башор ал-Асад мебошад. Ҷей Карнӣ-сухангӯи Қасри Сафед мегӯяд, режими Асад аз дохил вайрон мешавад. Ӯ пешбинӣ кард, ки рӯзҳои Асад ба ҳисоб мондааст. Вазорати корҳои хориҷии Фаронса таъкид кардааст, ки фирори сарвазир Ҳиҷоб ва пайвастани ӯ ба ошӯбгарони Сурия шаҳодати он аст, ки режими Асад пуштибониро аз даст медиҳад, зеро “ интихоби ӯ зӯроварии низомӣ “ мебошад. Ҳиҷоб, ки худ мусулмони суннимазҳаб мебошад, солҳои тӯлонӣ дар ҳизби Баъси зери нуфузи шиаҳои алавии Сурия узвият доштааст.
XS
SM
MD
LG