Ҳудуди 20 муҳандис ва минарӯби афғон аз ҳукумати Тоҷикистон хостори боз кардани марз ба рӯи худ шуданд. Онҳо дар навоҳии марзии вилояти Бадахшони Афғонистон бо корҳои сохтмонӣ ва минатозакунӣ машғуланд. Аҳмад Шафиқ, яке аз онҳо дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, муҳандисон ва минарӯбон сокинони шаҳрҳои Кобулу Мазори Шариф ҳастанд ва мехоҳанд то Иди Фитр ба хонаҳои худ раванд, аммо баста будани марзҳо ин имконро аз пеши онҳо гирифтааст. Вай афзуд, аксари онҳо аз шаш моҳ ба ин тараф хонаводаҳои худро надидаанд ва тамосашон танҳо тариқи телефони ҳамроҳ аст. Марзҳои Тоҷикистону Афғонистон дар қисмати ду вилояти ҳамноми кишварҳо аз оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ баста мебошанд. Бино ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, навоҳии марзии Афғонистон, аз қабили Дарвоз ва Шуғнон пурра тариқи роҳҳои Тоҷикистон бо Кобул равуо мекунанд ва барои ба маркази кишвари худ рафтан бояд раводиди Тоҷикистонро ҳам дошта бошанд. Онҳо молу амволи худро низ тариқи гузаргоҳи Бандари Шерхон - Панҷи Поён аз Кобул ба Бадахшон интиқол медиҳанд. Ба тахмини мақомоти расмӣ, ҳудуди 50 ҳазор шаҳрванди Афғонистон бо Кобул тариқи Тоҷикистон равуо доранд.