Рӯзи якшанбе вазири корҳои дохилии Туркия изҳор намуд, ки дар давоми ду ҳафтаи ахир дар ҷараёни амалиёти васеъмиқёс камаш 115 ошӯбгари курдтабор ба ҳалокат расиданд. Идрис Наим Саҳин гуфт, ки амалиёт бо кумаки ҳавопаймоҳо канори шаҳри Семдинӣ ва дигар манотиқи курднишини ҷанубу шарқи ин кишвар дар наздикиҳои марз бо Ироқ раҳандозӣ шудааст.
Рӯзи якшанбе ошӯбгарони курд ба се посгоҳ дар наздикиҳои марзи Туркия бо Ироқ ҳамла карданд. Дар яке аз бархӯрдҳо шаш сарбоз ва 14 ошӯбгарон ба қатл расиданд.
Рӯзи якшанбе ошӯбгарони курд ба се посгоҳ дар наздикиҳои марзи Туркия бо Ироқ ҳамла карданд. Дар яке аз бархӯрдҳо шаш сарбоз ва 14 ошӯбгарон ба қатл расиданд.