Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ихтисори хизматчиёни давлатӣ бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст


То охири моҳи августи соли равон дар назар аст дар Тоҷикистон то 15 дарсади хизматчиёни давлатӣ ихтисор шаванд.

Қарор буд, ин миқдор хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ниҳодҳое, ки вазифаю салоҳиятҳои якдигарро такрор мекунанд интихоб гарданд. Барои таҳияи рӯйхати ниҳодҳо ва мансабдорони ихтисоршаванда як кумиссиюни вежаи ҳукуматӣ таъсис ёфта, сарварии онро Сафаралӣ Наҷмиддинов вазири молияи Тоҷикистон бар ӯҳда дорад. Интизор мерафт ин кумиссиюн то аввали моҳи августи соли равон кори худро анҷом медод ва тасмими ниҳоиро дар мавриди коҳиши мансабдорон мегирифт.

Аммо Иброҳим Пирназаров корманди раёсати Хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфт, дар ин масаъала баҳс идома дорад: “Дар мавриди ихтисори 15 дарсади хизматчиёни давлатӣ ҳоло ҳам баҳси корӣ идома дорад. Чунки ин кори хеле баҳсталаб ва мушкил аст. Аммо дар назар аст ин комиссия кори худро то миёнаҳои моҳи август ба анҷом расонад”.

Як манбаъ дар Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, мушкил сари он аст, ки миқдори ниҳодҳое, ки кору вазифаи якдигарро такрор кунанд хеле кам аст, вале бояд то 15 дарсади хизматчиёни давлатӣ коҳиш дода шаванд. Ин миқдор ба теъдоди хизматчиёни давлатӣ, ки кори ҳамдигарро такрор мекарда бошанд, баробар нест ва биноан, қарор шудааст, аз ҳар ниҳод як миқдор хизматчиён ихтисор шаванд.

Гуфта мешавад, аз ҳама бештар хизматчиёни сатҳи миёнаи вазоратхонаҳо, кумитаҳо ва агентиҳо ихтисор хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз ниҳодҳои Тоҷикистон аз камбуди кормандонашон шикоят доранд.

Фаттоҳ Саидов раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар нишасти матуботии охираш дар ҳузури хабарнигорон аз кам будани штатҳои кории ниҳоди зери раҳбариаш хабар дод: “Даҳ сол қабл будҷаи давлати Тоҷикистон нисбати ҳозир қариб 10 маротиба камтар буд, мо ҳамин миқдор воҳидҳои корӣ доштем дар самти назорати молиявӣ. Имрӯз маблағҳои будҷа ба маротиб зиёд шудааст, мо ҳамон қадар воҳиди корӣ дорем. Бар замми ин як миқдор кормандонамонро ихтисор карданд. Бинобар кам будани воҳидҳои корӣ мо наметавонем аз ӯҳдаи иҷрои нақшаҳои ҷориамон бароем”.

Барои идораҳои давлатӣ ихтисор кардани ин миқдор корманд кори осон нахоҳад буд. Зеро то ҳол меъёри хориҷ кардани одамон аз маснадашон маълум нест.

Зафар Абдуллоев раҳбари макази таҳлилии мавсум ба “Контент” афзуд, ихтисори мансабдорон набояд танҳо ба хотири ихтисор тибқи нақша мисли замони шуравӣ сурат гирад: “Кормандони давлатро набояд кӯркурона ихтисор кард. Ҳар муассисаро дар алоҳидагӣ дида баромадан зарур аст. Масалан шояд теъдоди кормандони БДА-ро мешавад дар шаҳрҳои калон ихтисор кард ва баракс шумори милитсионероҳоро дар маҳалҳо афзун намуд”.

Ҷаноби Абдуллоев афзуд, то он замоне, ки низоми интихоби кадрҳо дар кишвар иваз карда нашавад ҳеҷ гуна ихтисоркуниҳо низ ба манфиати кор нахоҳад буд. Ӯ иброз дошт, хизматчиёни давлатӣ танҳо бояд аз рӯи натиҷаи корашон ба вазифаҳои гуногун интихоб карда шаванд.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё он нафароне, ки аз хизмати давлатӣ ихтисор карда мешаванд ба дигар корҳо ҷалб мешаванд ё ин ки ба сафи бекорон мепайванданд?

Дилшод Муллоев коршинос дар умури идораи давлатӣ мегӯяд, набояд он нафароне, ки ихтисор мешаванд дар чорроҳаи тақдир вогузошта шаванд. Ҷаноби Муллоев бар ин аст, ки ин кормандон бояд ё ба бозомузӣ фаро гирифта шаванд ва ё ақаллан ба онҳо қарзҳои бефоиз дода шавад, то ки ба қишри осебпазири ҷомеа табдил нашаванд. Муллоев афзуд хуб мешуд зимни ин ихтисор аз усули “Паретто” кор гирифта шавад: “Мувофиқи усули “Паретто” ҳамон миқдор мансабдороне, ки ихтисор мешаванд, муттаносибан маоши боқимонда кормандон бояд боло бурда шавад. Яъне агар 15 дарсад ихтисор шаванд, бояд ҳамин миқдор маоши боқимонда кормандон афзун карда шавад, чунки ҳавасмандии онҳо ба кор бештар шавад”.

Муллоев иброз дошт, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ давлат ҳарчи бештар бояд дахолати худро ба ҷомеа камтар кунад ва ваколатҳои худро ба ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вогузорад.

Бино бар омори тоза ҳоло дар мақомоти давлатии Тоҷикистон 19 ҳазор нафар кор мекардаанд, ки ба гуфтаи раёсати хизмати давлатӣ 43 дарсади онҳо ҷавон буда, аз ин ҳисоб 15 дарсад мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол намудаанд.
XS
SM
MD
LG