Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Лондон ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт


Имрӯз дар Олимпиадаи Лондон Катерина Измайлова дар шиноварӣ ва Дилшод Назаров дар гурзандозӣ рақобат карданд.

Дар сабқати интихобӣ дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод ҳамагӣ 74 нафар дар 10 гурӯҳ ширкат доштанд. Катерина Измайлова дар гурӯҳи худ миёни 8 нафар бо натиҷаи 31,27 сония мақоми панҷум ва дар ҳисоби умумӣ мақоми 60-умро касб кард.

Дар сабқати интихобӣ Раноми Кромовидҷоҷо аз Нидерланд бо натиҷаи 24,51 сония дар ҷойи аввал қарор гирифт. Ҳамин тариқ, 16 нафар беҳтаринҳо ба сабқати ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Вале Катерина Измайлова аз идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.
Имрӯз, инчунин, Дилшод Назаров дар сабқати интихобии гурзандозӣ рақобат кард. Дар ин сабқат 41 варзишгар дар ду гурӯҳ қувва озмуданд.

Дилшод дар гурӯҳи “А”, ки аз 20 нафар иборат буд, бо натиҷаи 75 метру 91 сантиметр дар ҷойи 7-ум қарор гирифт. Дар сабқати интихобӣ Кристиан Парс аз Маҷористон бо натиҷаи 79 метру 37 сантиметр ғолиб шуд. Коҷи Мурофишӣ (Ҷопон), ки дар гурӯҳи "А" бо натиҷаи 78 метру 48 сантиметр пирӯз гашт, дар ҷамъбасти умумӣ ҷойи дувумро ишғол намуд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии мусобиқа дар ҳарду гурӯҳ 12 нафар беҳтаринҳо ба сабқати ниҳоӣ, ки шаби 5-уми август, соати 20.20 ба вақти Лондон ва соати 00.20 (6 -уми август) ба вақти Душанбе баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.

Дилшод Назаров, ки дар ҷамъбасти умумӣ мақоми 8-умро касб кард, ба финал баромад ва барои ҷоизаҳои олимпӣ талош хоҳад кард.

Дар сабқати гурзандозӣ дар Олимпиадаи Лондон, инчунин, зодаи Тоҷикистон Сӯҳроб Хоҷаеви 19-сола аз номи Узбакистон ширкат дошт, вале ӯ бо натиҷаи 65 метру 88 сантиметр ҷойҳои охирро ишғол намуд.

Ба ин тартиб, ҳафт варзишгари Тоҷикистон – тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, гуштигирон Расул Боқиев ва Парвиз Собиров дар риштаи дзюдо ва шиновар Катерина Измайлова аз Лондон бе медали олимпӣ бармегарданд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

6-уми август
Варзиши сабук.
00.20. Дилшод Назаров (гурзандозӣ, финал).
Бокс. 19.15. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/4 финал).
Варзиши сабук. 23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG