Пайвандҳои дастрасӣ

Ало Алоев фарҳанги тоҷиконро дар ҷаҳон таблиғ мекунад


Ало Алоев

Меҳмонони театри Акрополиси Прага бо оҳангҳои муоссиру классикии тоҷикӣ, рубоиву таронаҳои мардумӣ ва фолклори яҳудиёни Бухоро дар иҷрои гурӯҳи ҳунарии “Оилаи Ало Алоев” ошно шуданд.

Ҳунарнамоии гурӯҳ дар чорчӯби ҷашнвораи “Респект 2012” рӯзи 25-уми июл доир шуда, ба муколамаи ҳунару фарҳанги кишварҳои ҷаҳон бахшида шудааст.
Ивон Каҳан, мудири иҷроияи гурӯҳи ҳунарии Ало Алоев мегӯяд: "Гурӯҳи ҳунарии “Оилаи Алоев” аз Тоҷикистон ба Исроил муҳоҷират намудаааст. Тобистони соли равон мо дар саросари олам мусиқиамонро ба мардуми зиёде намоиш медиҳем, ки дар бораи Тоҷикистон ҳеҷ иттилое надоранд".

Ба қавли хонум Каҳан, сафари ҳунарии гурӯҳ то охири тирамоҳ, яъне ҷашни 80-солагии Ало Алоев идома карда, кишварҳои Аврупову Амрико ва Осиёро дар бар мегирад.






Ало Алоев соли 1932 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи ҳунарманд ба дунё омада, аз хурдӣ ба навохтани дойра дил бастааст. Ӯ дар соли 1991 баъди беш аз 50 соли ҳунарнамоӣ дар гурӯҳҳои ҳунарии Тоҷикистон мисли ҳазорҳо яҳудии бухорӣ ба Исроил кӯч баст, вале аз ҳунари аслии худ даст накашид. Баръакс, ӯ мегӯяд, ки тамоми орзуҳояшро амалӣ карду акнун се насли хонаводаи Алоевҳо рӯи саҳна ҳунарнамоӣ мекунанд:
“Умри ман дар санъат гузашт. Ман ният карда будам, ки калон шавам, фарзанду наберадор шаваму ҳамаи онҳоро ҳунарманд намоям”, гуфт Ало Алоев.

Писари бузурги Алоев - Амин дойра менавозад. Писари хурдиаш Ариэл овозхон ва аккордеоннавози гурӯҳ аст. Набераҳояш Амир Авива ва Звика дар баробари овозхонӣ кларнет, чанг ва ғижжакнавозӣ мекунанд. “Ин аз падари ман мерос мондааст. Падарам дар Самарқанду Тоҷикистон овозхон буданд. Ин касб барои мо меросӣ аст”.

Дастовардҳои ҳунарии Алоевро дар Тоҷикистон ҳам фаромӯш накардаанд. Соли равон дар Душанбе ӯ ба унвони фахрии Аълочии фарҳанг сазовор дониста шуд. Вай мегӯяд, аз мардум ва ҳукумати ин кишвар миннатдор аст, ки ӯро дар ин бист соли баъди тарки Тоҷикистон карданаш ҳам, фаромӯш накардаанд.

“Ман аз тоҷикону Тоҷикистон миннатдорам. Тоҷикистон ба ман нон дод, ба ман ном дод”, - мегӯяд вай.

Ҳоло Ало Алоев барномаи ҳунарнамоӣ дар Тоҷикистонро тарҳрезӣ намуда, бесаброна мунтазири даъват аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG