Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 террорист дар Испания боздошт шудаанд


Мақомоти расмии Испания мегӯянд, ки 3 узви ал Қоидаро боздошт кардаанд. Ин 3 нафар ба нақша гирифтаанд, ки дар Испания ё дар ҳар кишвари дигари Аврупо ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд.

Ҷорҷ Фернандес Диаз-вазири корҳои дохилаи Испания дар як нишасти хабарӣ дар Мадрид гуфт, “нишонаҳои рӯшане ба даст омадааст дар ин бора, ки ин се нафар ҳамлаеро дар Испания ё дар кишвари дигари аврупоӣ ба нақша гирифтаанд”.

Матбуоти Испания аз қавли полис навиштааст, ин се нафар ҳангоми боздошт бо худ маводи мунфаҷира ва маводи заҳрогин доштаанд. Ду нафари онҳо чечен ва як нафарашон турк будаанд.
XS
SM
MD
LG