Дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи паҷшанбе иттилоъ дод, ки як корвони мошинҳои ҳомили маводи ғизо барои мардуми Хоруғ субҳи имрӯз ба тарафи Бадахшон ҳаракат кард.
Тибқи иттилои Дафтари матбуоти ин вазорат корвони кӯмакҳо аз 430 тонна орд, 158 тонна шакар, 198 тонна биринҷ, 158 тонна равғани растанӣ ва 80 тонна анвои макарониро дар бар доштааст.
Ва бахши умдаи ин кӯмакҳо барои сокинони Хоруғ, ки бар асари амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои силоҳбадаст осеб дидаанд, пешбинӣ шудааст.