Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайти РИА-Новости низ дар Тоҷикистон масдуд шуд


Имрӯз боз ду расонаи интернетӣ дар Тоҷикистон масдуд шуд. Ширкати интернетии “Телеком Текнолоҷӣ” хабар дод, ки сомонаҳои хабаргузории русии РИА-Новости ва хабаргузории мустақили маҳаллии “Азия Плюс” масдуд шудаанд. Тайи 10 рӯзи нооромиҳои Хоруғ танҳо сомонаи «Азия – плюс» ду дафъа маҳдуд шуда, дастрасӣ ба чандин сомонаи дигар, аз ҷумла сайти русии ББС ва чанд сомонаи дигари Русия ва ҳам ба сомонаҳои «Озодагон», Tojnews ва ҳатто ба Youtube дар Тоҷикистон паиҳам масдуд шуд, ки ба шеваи инбикоси буҳрони Хоруғ дар ин расонаҳо рабташ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG