Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 8 бозигари бадминтон аз Бозиҳои олимпӣ


Лаҳзае аз бозии ҷанҷолии тимҳои Кореяи ҷанубӣ ва Чин
Лаҳзае аз бозии ҷанҷолии тимҳои Кореяи ҷанубӣ ва Чин
Кумитаи байналмилалии олимпӣ 8 бозигари бадминтонро ба далели бохтҳои ҳадафмандона дар Бозиҳои олимпии Лондон аз мусобиқот берун кард. 2 ҷуфти бозигарон аз Кореяи ҷанубӣ, як ҷуфт аз Чин ва яке аз Индонезия, ки алакай ба давраи чорякниҳоӣ роҳ ёфта буданд, ба он айбдор мешаванд, ки дар бозиҳои дирӯза қасдан ба иштибоҳҳо роҳ додаанд. Сармураббии тими Кореяи ҷанубӣ Санг Ҳар-кук бозии боҳадафи бозигаронаш дар муқобили тими Индонезия ва ҷуфти қаҳрамони ҷаҳон аз Чинро эътироф кард. Кодекси ахлоқии кумитаи олимпӣ мегӯяд, ширкаткунандагон набояд ба ҳеҷ сурат ба равиш ё натиҷаи сабқат таъсир расонанд.
XS
SM
MD
LG