Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД ба умури Тоҷикистон дахолат нахоҳад кард


Николай Бордюжа-дабири кулли СПАД
Николай Бордюжа-дабири кулли СПАД
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба вазъи Тоҷикистон дахолат нахоҳад кард. Рӯзи сешанбе дар шаҳри Минск дабири кулли СПАД Николай Бордюжа изҳор намуд, ки ҳаводиси ахири Тоҷикистон табиати дохилӣ дошта, тақозо намекунанд, ки нерӯҳои СПАД ба он дахолат кунанд. Ӯ афзудааст, ки нерӯҳои амниятии Тоҷикистон имкон доранд, ки бидуни кумаки хориҷӣ вазъи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро ба назм дароранд.
Рӯзи сешанбе президенти Беларус Александр Лукашенко дар мулоқоташ бо Бордюжа иброз дошт, ки ба ақидаи вай СПАД бояд дар робита ба ҳаводиси Тоҷикистон аксуламал нишон диҳад. Бордюжа дар навбати худ гуфтааст, ки ӯ бо раҳбарияти Русия ҳаводиси ахири Тоҷикистонро баррасӣ намуда, аз мавқеи онҳо низ огаҳ аст.
XS
SM
MD
LG