Раиси бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт Асомиддин Ризоев ба «Озодӣ» гуфт, ки бо пешниҳоди ҳукумати шаҳри Душанбе аз захираҳои давлатӣ ҳар рӯз ба ин бозор бо қимати 110 сомонӣ халтаи орд пешкаш мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар бозорҳои дигар, аз ҷумла бозорҳои «Балх», “Гипрозем» ва «Саховат» қимати як халта орди навъи якум аз 135 то 147 сомонӣ расидааст.
Харидорон мегӯянд, вақте комиссияи вижаи ҳукумати шаҳр дар бозорҳо пайдо мешавад, ордфурӯшон ночор нархи худро кам мекунанд. Дар ғайри он, ин навъи маҳсулот бо нархи гарон ба фурӯш гузошта мешавад.
Тақрибан як ҳафта қабл нархи орд арзон буд ва дар ҳамаи бозорҳои пойтахт 110 то 115 сомонӣ нарх дошт.
Аскар Нуралиев, сардори Раёсати маркетинг ва танзими бозори вазорати иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон рӯзи сешанбе ба «Озодӣ» гуфт, ки дар ҳақиқат нархи орд рӯ ба гароншавӣ дорад, вале ниҳоди онҳо дар ҳамин замина як таҳқиқотеро роҷеъ ба сабабу омилҳои қиматшавии орд дар рӯзҳои наздик анҷом хоҳад дод.
Аммо як масъули дигар дар ҳамин вазорат сабаби аслии гароншавии нархи ордро ба хушксолӣ марбут медонад. Ба гуфтаи ин манбаъ, сабабҳои дигар, аз ҷумла маҳдудиятҳо аз сӯи кишвари ҳамсояи Узбакистон дар роҳҳои мошингард ва оҳан, боиси болоравии нархи орд шудааст.
Сабзалӣ Раҳматуллоев, як фурӯшандаи орд дар бозори Шоҳмансур мегӯяд, ки ҳукумати шаҳр борҳо дастур додааст, ки халтаи орд аз 110 сомонӣ бештар фурӯхта нашавад, вале вақте воридшавии орд кам аст, ночор нархи он барои пӯшиш додани харчу сарфҳои интиқоли он боло бурда мешавад.