Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз машъали олимпии Лондон афрӯхта мешавад


Шоми имрӯз чашми садҳо миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба шаҳри Лондон дӯхта мешавад, ки онҷо соати 1 ба вақти Душанбе бозиҳои олимпӣ оғоз мешавад. Маросими ифтитоҳи бошукӯҳ бозиҳои олимпии имсоларо 80 ҳазор дар худи майдонҳои варзишии Лондон ва тақрибан як миллиард нафар аз тариқи телевизионҳо дар саросари ҷаҳон тамошо хоҳанд кард. Машъали олимпӣ, ки муддати 70 рӯз даст ба даст гузашта то Лондон расид, имрӯз машъали асосиро дар Майдони Олимпии шаҳр рӯшан мекунад ва он тайи 16 рӯз афрохта хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG