Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи Бритониё ба шаҳрвандонаш дар Хоруғ


Сафорати Бритониё ба тамоми шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор додааст, ки агар дар шаҳри Хоруғ ҳастанд, аз хонаҳояшон берун наоянд ва мунтазири тавсияҳои баъдии сафорат бошанд. Дар ҳушдори сафорат, ки дар торнамои он нашр шудааст, ба шаҳрвандони Бритониё тавсия додаанд, ки барои тарки Хоруғ дар ҳамин рӯзҳо саъй накунанд. Баъди қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи Давлати Амнияти Миллӣ дар Бадахшон дар рӯзи 21 июл, маъмурони амниятии Тоҷикистон рӯзи 23 июл амалиёти вижаеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ карданд, ки дар натиҷаи он 42 нафар, аз ҷумла, 30 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ ва 12 нафар аз маъмурони амниятӣ кушта шуданд ва 23 тани дигарашон захм бардоштанд. Ба гуфтаи мақомот ҳамчунин 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG