Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти доварону нозири бозии “Вахш” - “Равшан”


Доварон Рустам Холов ва Сафармаҳмад Шоймардонов, нозири доварон Сафар Каримов муҷозот шуданд.

Дар ҷаласаи комиссиюни мушовараи нозирону доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки таҳти раҳбарии Мирзо Мамадҷонов баргузор шуд, доварон Рустам Холов (Душанбе) ва Сафармаҳмад Шоймардонов (ноҳияи Хуросон), нозири доварон Сафар Каримов (Норак) аз ҳаққи доварӣ ва нозирии бозиҳои лигаи олӣ, лигаи аввал ва Ҷоми Тоҷикистон то 1-уми октябр маҳрум шуданд.

Ёдовар мешавем, дар бозии мавқуфгузоштаи даври 11-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ - “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Равшан”-и Кӯлоб, ки рӯзи 21-уми июл дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и маркази вилояти Хатлон баргузор шуд, сардовар Рустам Холов ба ҳамлагари “Равшан” Течи Соломон, ки дар ҷараёни бозӣ ду бор (дар дақиқаҳои 23-юм ва 78-ум) корти зард гирифт, нишон додани корти сурхро фаромӯш кард.

Сафар Каримов, нозири ин бозӣ, ба сардовар Рустам Холов 7 балл ва ба довари эҳтиётӣ Сафармаҳмад Шоймардонов 9 балл баҳо гузоштааст. Комиссиюни мушовараи нозирону доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон баҳоҳои нозирро ба доварон 3 балл кам кард ва ба ҳарду 4-баллӣ баҳогузорӣ намуд, ки ин баҳои ғайриқаноатбахш аст.
Инчунин Течи Соломон бар асоси регламент ё дастури мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон аз як бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.
XS
SM
MD
LG