Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қотил"-и Х. Сафаров аз шаҳодати додааш даст кашид


Бино ба хабари “Азия-Плюс”, шахси гумонбар дар куштори Холмумин Сафаров-хешованди раиси ҷумҳур аз шаҳодатҳои додаи худ даст кашидааст. Дар ин бора вакилони мудофеи гумонбар хабар додаанд. Ба гуфтаи вакилони мудофеъ, шахси гумонбар имрӯз дар ин бора дар бинои раёсати корҳои шаҳри Душанбе изҳорот додааст.

Вай гуфт, дар бораи куштори Сафаров зери шиканҷа ва азияту озор “шаҳодат” додааст. Вай ҳамчунин изҳор доштааст, ки чӣ касоне вайро зери шиканҷа гирифтаанд ва дар бораи “гуноҳи вай” ба хулоса расидаанд.

Гумонбар иддао мекунад, ки дар шиканҷаи вай кормандони боломақоми вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон даст доранд. Вакилони мудофеъ мегӯянд, ки то ҳол гумонбар дар боздоштгоҳи вазорати корҳои дохила қарор дорад ва вай ҳамоно шиканҷа мешавад.
XS
SM
MD
LG