Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иванишвилӣ ба давлат 48 миллион доллар дод


Бидзина Иванишвилӣ
Бидзина Иванишвилӣ
Раҳбари эътилофи мухолифи Орзуи Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ эълон кард, ки ба хазинаи давлат 80 миллион ларӣ, муодили 48 миллион доллар пардохт кардааст. Иванишвилӣ гуфт, ин маблағ ба хотири пардохти ҳам ҷаримаи ӯст ва ҳам ба хотири ҳамдастӣ дар кумак ба қурбониёни селу боришоти шадид дар шарқи Гурҷистон. Ӯ қаблан аз пардохти ҷарима саркашӣ мекард, вале ҳоло дар Фейсбук навишт, ки пардохти ин пулро беҳтарин роҳи кумаки худ ба осебдидагони офоти табиӣ медонад. Моҳи гузашта раҳбари мухолифин барои тахаллуфот дар таъмини молии фаъолиятҳои сиёсӣ 90 миллион доллар ҷарима баста шуд, ки баъдан то 45 миллион доллар коҳишаш доданд. Эътилофи Иванишвилӣ дар интихоботи парлумонии моҳи октябр алайҳи ҳизби ҳокими раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ вориди корзор шудааст.
XS
SM
MD
LG